12 Феврал 2021 - 15:50
Саҳми кишварҳо аз ваксинаи Астра Занка

Барномаи Ковакс шеваи тақсими тахминии 96 миллион дозаи ваксинаи корона байни кишварҳои узвро мунташир кард .

ABNA24 : Ба гузориши радиои Садои Хуросон, масъӯлони ин барнома  ки зери назари Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ аст дар моҳи январ аз хариди миллионҳо дозаи ваксинаи «Файзер » ва « Астра Занка» » хабар дода буданд .

Интизор меравад, ки дар чорчӯби барномаи Ковакс то поёни соли ҷорӣ имкони таҳвили 2 миллиард дозаи ин ваксинаҳо ба саросари ҷаҳон аз ҷумлаи 1.3 миллиард доза барои кишварҳои заъифтар фароҳам мешавад .

Аз ҷумла барои Тоҷикистон 732 ҳазор доза  ваксинаи Астра Занка дар назар гирифта шудааст.

342/